Узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан шараф аст.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади таблиғу ташвиқи ҳадаф ва барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таҳкими фаъолияти ҳизбӣ ва ҳавасманд гардонидаи аъзоёни фаъоли ҳизб, аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Узви ҲХДТ будан шараф аст"  баргузор карда шуд.

Дар аксияи мазкур кормандони Кумита бо аъзоёни фаъоли ҳизб суҳбат ва вохурӣ намуда, барои саҳм гузоштанашон дар амалишавии ҳадаф ва барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид карданд ки дар байни аъзоёну ҷонибдорони ҳизб корҳои фаҳмондадиҳиро боз ҳам бештар намоянд.
Ҳамчунин ба онҳо, барои корбарӣ тақвими Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим карда шуд.