ПАЁМ МОРО БА СУЙИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ҲИДОЯТ МЕНАМОЯД

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ПАЁМ МОРО БА СУЙИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ ҲИДОЯТ МЕНАМОЯД

Бо иштироки муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯз Саймуминзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Шарофат Худойдодова, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои МИҲД-и шаҳри Кӯлоб Ибрагимов Холмурод, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб-Шоинов Ҳасан, сардори ҚИМ №6 Сабурова Хосият, Рустамова Мафтуна-намояндаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб бо сокинони маҳаллаи Чапаев, хиёбони Исмоили Сомонӣ  вохӯрӣ гузаронида шуд.

Нахуст ҷаласаро Фирӯз Саймуминзода- муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб оғоз намуда,  қайд намуданд, ки барои вусъатбахшии корҳои бунёдкориву созандагӣ, ободу зебогардонии ҳамаи гӯшаву канори мамлакат ва дар навбати аввал, таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи шаҳри азизамон ба ифтихори 35 – солагии истиқлоли давлатӣ тамоми саъйю талоши худро равона намоем.

Сабурова Хосият, ҳозиринро бо масъалаҳои дар ҷаласа баррасишаванда шинос намуданд. Ҷаласа аз руйи масъалаҳои зерин гузаронида шуд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Шарофат Худойдодова баромад намуда, нуқтаҳои меҳварии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сокинон шарҳу тавзеҳ доданд.

Дар идомаи вохурӣ иштирокдорон вобаста ба саҳми ҷавонон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои худро баён намуданд.