БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Аз таъсиси Артиши миллӣ 30 сол сипарӣ мегардад. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд.

Аз таъсиси Артиши миллӣ 18 сол пур мешавад. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст.

Бо ибтикори КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қисми низомии 13483”д”-и шаҳри Кӯлоб барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи зеҳнии шашкаву шоҳмот баргузор карда шуд.

Мақсад аз баргузор намудани мусобиқаҳои мазкур ин баланд бардоштани малакаи зеҳнии афсарон ва ҳавасманд гардонидани ҷавонон ба хизмати Модар Ватан мебошад.

Озмуни баргузоргардида миёни сарбозону афсарон гузаронида шуд, ки ғолибон дар рӯзи таҷлили Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипоснома ва Ҷоми КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида мешаванд.