АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД!»

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 4 феврали соли 2023 бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии «Ҷамъият-деҳқон» Рақибов Киромиддин ва иқдоми пешгирифтаи аъзоёни фаъол ва саховатмандони ташкилоти ибтидоии «Ҷамъият-деҳқон» бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин саҳмгузорӣ дар ободонию кабудизоркунии кӯчаҳо ва маҳаллаву деҳаҳо таҳти унвони «Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард!» шанбегии дастаҷамъона ташкил карда шуда, ду тарафи роҳи мошингарди деҳа ва гирду атрофи деҳа тоза карда шуда, дар қисмати роҳрав ниҳолҳову гулҳои ороишии ҳамешасабз шинонида шуд.