ВУСЪАТИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Вобаста ба мусоид омадани бодуҳаво дар ноҳияи Кӯшониён тадбирҳои солимгардонии муҳити зист тавассути кабудизоркунӣ, сарсабзу зебо гардонии ҳар як гӯшаи ватани азизамон бо иштироки кормандони муассисаҳову ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ корҳои ободонӣ аз ҷумла шинонидани ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз, мевадиҳанда, сояафкан баргузор гардида истодааст.

Қобили қайд аст, ки чунин тадбирҳои сабзкориву кабудизоркунӣ тариқи ҳашар роҳандозӣ карда шуда, кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” низ дар муассисаи таълимии №47-и деҳаи Суҳроб Муродови ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён ҳиссагузорӣ намуданд.

Ин амали некбинона бо ташаббусу дастгирии кумитаи падару модарон вусъат ёфта, кормандони касбу кори гуногун ва хонадагони муассисаи мазкур ба шинонидани ниҳолҳои дарахти тут оғоз бахшиданд. Боиси тазаккур аст, ки дар маъракаи ниҳолшинонӣ зиёда 100 тан дарахти тут бо нархи 1000 сомон харидорӣ ва шинонида шуд.

Чунин иқдомҳои ободонӣ дар назди биноҳои ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия ҳамарӯза идома дошта, симои онро боз ҳам  зебову  назаррабо намуда истодааст.