МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ДЕҲОТИ ДАҲАНА

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳамасола дар ин давра маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар ҳама гушаву канори кишвар роҳандозӣ карда мешавад. Чунин як иқдоми ободкориву кабудизоркунӣ бо мақсади сарсабзу хуррам намудани Ватани азиз дар Ҷамоати деҳоти Даҳана бо иштироки ҳизбиён ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор карда шуд. Дар маъракаи ниҳолшинони хурду бузургӣ Ҷамоат ба ҳашар баромада, дар роҳравҳо ва шоҳроҳҳои калони ҳудуди Ҷамоати деҳоти Даҳана зиёда аз 700 адад ниҳолҳои ороишиву кабудизоркунӣ шинониданд. Дар чорабинии мазкур узви воломақоми Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, иқдоми созандагиву бунёдкоронаи мардуми деҳоти Даҳанаро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуданд.