ШАНБЕГӢ БАРГУЗОР КАРДА ШУД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 4-уми феврали соли равон бо мақсади иҷрои Барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 02. 02. 2023 таҳти №1/2-6 ҷиҳати баргузор намудани корҳои тозагию ободонӣ дар ноҳия бо кули кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия ба шанбегӣ баромада, гирду атрофи бино тозаю озода гардонида шуд.

Ҳамзамон нуқтаҳои гулшинонии назди бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ва бинои Раёсати молия нарм карда шуда, барои шинонидани гулҳои баҳорӣ баҳри зебогии атроф омода карда шуданд.