ОМӮЗИШИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ РӮЗ МИЁНИ ХОНАНДАГОН

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша – чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод ва дар доираи тадбиқи Амалёти муштарак оид ба ҳамкорӣ бо сохторҳои маориф ҷиҳати баргузории «Соатҳои сиёсӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасону ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳияи Муъминобод бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо ҷалби донишмандону омӯзгорони ботаҷриба миёни хонандагони синфҳои болоӣ «Соати сиёсӣ» доир карда шуд.

Дар "Соати сиёсӣ" масъалаҳои шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ", "Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон", Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" ва "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд.

Баромадкунандагон зимни суханронӣ иброз намуданд, ки мо – омӯзгорон ва падару модари хонандагон муваззафем, ки фарзандони хеш ва хонандагонро дар рӯҳияи хештаншиносӣ, таълиму тарбияи дуруст ва иҷрои қонунҳои давлатӣ тарбия намоем. То дар оянда онҳо тавонанд, ки дар пешрафту нумуи Ватан саҳмгузор бошанд.