Баргузории амалиёти "Рӯзи ёдоварӣ"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани оромгоҳҳо, шинонидани дарахтон дар атрофи онҳо ва ба ин васила ҷалб намудани сокинон ба корҳои ободонию созандагӣ, дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, санаи 29.01.2023, бо иштироки кормандони масъули Кумита, волонтёрон ва аъзоёну ҷонибдорони ҳизб дар оромгоҳи деҳаи А.Раҷабов, Ҷамоати деҳоти Ҷиликул, Амалиёти умумивилоятии "Рӯзи ёдоварӣ" баргузор карда шуд.

Иштирокдорони ин чорабинӣ дохил ва атрофи оромгоҳро аз алафҳои хушку бегона тоза карда, бехи ниҳолҳои дарахтони оромгоҳро нарм намуданд.