БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР ТАШКИЛОТИ  ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ БАЛҶУВОН 2

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон дар Гимназияи давлатии   ноҳияи Балҷувон  Амалиёти муштарак зери унвони “Соати сиёсӣ” баргузор гардид.

Дар ин соати сиёсӣ  омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии номбурда иштирок намуда, вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” маърӯза намуда, баромад карданд.