Соати сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумита.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии чавонон, тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба омӯзгору бузургон, рӯзҳои шанбеи  охири ҳар моҳ дар Муассисаҳои таълимии ноҳия Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони "Соати Сиёсӣ"  баргузор карда мешавад.

Чунин иқдом ин навбат дар дар МТМУ 5 ва 6 ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Олимов Иброҳим баргузор карда шуд. Мавсуф дар баромадаш оид ба шомил нашудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ва  террористӣ сӯҳбат намуда ҳамзамон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ гуфта гузаштанд.