Соати сиёсӣ бо иштироки вакилони ҳизбӣ

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дарсҳои кушод зери унвони  "Соати сиёсӣ" барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ баргузор мегардад.

Дар ин чорабинии сиёсӣ ба ғайр аз кормандони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо инчунин вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия низ иштирок ва баромад мекунанд.
Чунин чорабинӣ имрӯз бо иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии-1, ноҳия баргузор карда шуд.
Зимни баромад оид ба самтҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда ба ҷавонон нуқтаҳои асосии онро шарҳу тавзеҳ доданд.
Инчунин вобаста ба омодагии хонандагони синфи ёздаҳ барои ҳуҷҷат супоридан ва гузаштан аз имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ ибрози андеша карда шуд.