ПАЁМ-ТАВАҶҶӮҲ БА СОҲАИ ИҶТИМОИЁТ БЕШТАР ГАРДИДА ИСТОДААСТ:

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Вохӯрии гурӯҳӣ корӣ бо фаъолон ва сокинони шаҳраки И.Сомонӣ санаи 24 январи соли 2023, бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақшаи корӣ, дар толори Кохи фарҳанг бо иштироки муовини раиси ноҳия Д.Шукруллозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бо фаъолон ва сокинони Ҷамоати шаҳраки И.Сомонӣ вохӯрӣ доир гардид.

Аз тарафи иштирокчиёни гурӯҳӣ корӣ, тамоми паҳлӯҳои Паёми Пешвои миллат мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани Паёми навбатии Президенти мамлакат дар кору пайкори худ ва рушди босуботи ноҳия саҳмгузор бошанд. Ҳамзамон дар вохӯрӣ, масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили пешгирии пошхурии оилаҳои ҷавон, зӯроварӣ дар оила, пешгирии таваллуди хонагӣ, тарзи ҳаёти солим, дар рӯҳияи Ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас ва риояи талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд. Инчунин таъкид гардид, ки ҳангоми истифодабарии маводи сӯхт ба хусус ангиштсанг дар фасли сармо ва асбобҳои барқӣ эҳтиёкорона бошанд.

Дар фарҷом аз тарафи сокинон, суолу пешниҳодҳо пешкаш гардида ба онҳо аз тарафи масъулин ҷавобҳои қаноатбахш гардонида шуда, пешниҳодҳо ба қайд гирифта шуданд. Вохӯриҳои навбатӣ дар дигар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия марҳила ба марҳила гузаронида мешаванд.