ИДОМАИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲ ОИД БА ПАЁМ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 25-январи соли 2023 дар ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатии”-и Ҷамоати деҳоти Заргар дар асоси нақшаи баргузории вохӯриву мулоқотҳо оид ба тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Тадбиқи Паём ҳадафи асосии пешрафти ҷомеа”, бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Асроров Саидшо бо аҳли зиёиён ва аъзои фаъоли ҳизб дар масъалаи амали намудани ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, вазифаи аъзои ҳизб аз чи иборат аст, киҳо бояд аъзо шаванд, робитаи зичи аъзоён бо ташкилотҳои ибтидоӣ вохӯрӣ доир намуданд.

Зимни вохӯрӣ Асроров Саидшо бобати нуктаҳои Паёми имсолаи Сарвари давлат ибрози суханронӣ намуда, тазаккур дод, ки таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба соҳаи маориф, бунёд гаштани корхонаву муассисаҳо, муассисаҳои томактабӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи омӯзгорон, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, омӯзиши технологияи муосир, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷавонон пайравони Пешвои миллатанд андешаронӣ намуда, қайд карданд, ки таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистони азизи мо шукуфон, сулҳу ваҳдат пойдор, мардумонаш сарҷамъ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаҳои ба даст овардани Истиқлолият мустақил аст. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо моро зарур аст, ки барои таълиму тарбияи насли ояндасози миллат саъю талош намоем ва якояки онҳоро дар руҳияи ватанпарастӣ, одоби ҳамидаи инсонӣ ҳамчун инсони комил ба воя расонида, тарбия намоем.