ИДОМАИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲ ОИД БА ПАЁМ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи  24.01.2023  дар ташкилоти ибтидоии “Меҳнатобод”-и ҷамоати деҳоти Меҳнатобод дар асоси нақшаи баргузории вохӯриву мулоқотҳо оид ба тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Тадбиқи Паём ҳадафи асосии пешрафти ҷомеа”, бо иштироки Абдуллоев Мирвоҳид мудири шуъбаи омори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён бо аҳли зиёиён ва аъзои фаъоли ҳизб вохӯрӣ доир намуданд.

Зимни вохӯрӣ Абдуллоев М бобати нуктаҳои Паёми имсолаи Сарвари давлат ибрози суханронӣ намуда, тазаккур дод, ки таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба соҳаи маориф, бунёд гаштани корхонаву муассисаҳо, муассисаҳои томактабӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи омӯзгорон, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, омӯзиши технологияи муосир, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷавонон пайравони Пешвои миллатанд андешаронӣ намуда, қайд карданд, ки таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистони азизи мо шукуфон, сулҳу ваҳдат пойдор, мардумонаш сарҷамъ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаҳои ба даст овардани Истиқлолият мустақил аст. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо моро зарур аст, ки барои таълиму тарбияи насли ояндасози миллат саъю талош намоем ва якояки онҳоро дар руҳияи ватанпарастӣ, одоби хамидаи инсонӣ ҳамчун инсони комил ба воя расонида, тарбия намоем.

Дар фарҷом аъзои фаъоли ҳизб, раиси ташкилоти ибтидоии “Меҳнатобод” Камолов Муродалӣ барои саҳми арзанда гузоштанаш дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизб, дастовардҳои даврони Истиқлолият, амалӣ намудани ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, иштироки фаъолона доштанаш дар баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ бо “Сипоснома”-и раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён сарфароз гардонида шуд.