КУМАК БА КОРМАНДОНИ КДФ ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Сармои шадиди моҳи январ ҷиҳати рафтуомади сокинони ноҳия мушкилиҳои зиёдеро ба бор овард. Дар ин рӯзҳо тамоми роҳҳои мошингард, роҳравҳо ва майдону хиёбонҳо ях бастанд. Кормандони КДФ хоҷагии манзилию коммуналӣ барои тоза намудани ин мавзеъҳо кушишҳои зиёд намуда, ҳама роҳҳоро тоза намуданд.

Бо ин мақсад дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ узви Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона Шералӣ ба кормандони КДФ хоҷагии манзилию коммуналӣ, ки дар рӯзҳои сарди зимистон барои аз барфу яхбандиҳо тоза намудани роҳҳову хиёбонҳо саҳм гузоштаанд, кумаки яквақтаина расонида шуд.