БАРОИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗАМОН ТАЛОШ МЕВАРЗЕМ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва дар асоси барқияи ҳукуматӣ, ки аз 7-уми октябри соли равон ирсол гардидааст, охири ҳар ҳафта шанбегӣ дар шакли ҳашари дастаҷамъона бо иштироки фаъолони ҳизбии ҳамаи Кумитаҳои иҷроияи ноҳияҳо гузаронида шаванд. Бинобар ҳизбиён муваззаф гардиданд, ки мувофиқи ин дастур амал намоянд. Тибқи ин дастур дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Темурмалик  раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Валиев Баҳоваддин бо иштироки дигар кормандону фаъолони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои ободу зебо шудани муҳит зист шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид. Дар ин самт дигар корҳоро низ амалӣ гардонида истодаанд.