САҲМИ ХАТМКАРДАИ МУАССИСА

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳо ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа расонидани кумакҳои молию пулӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Барои дар амал татбиқ намудани супоришҳои роҳбарият аз ҷониби хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 соҳибкор Каримова Фазила барои 200 нафар хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва 40 нафар омӯзгорон ва кормандони техникии муассисаи номбаршуда бо иштироки раиси ноҳия Ҳасанзода Шералӣ, раиси КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва раиси Ҷамоати деҳоти Ҳусайнобод Сафарзода Суҳлиддин либосҳои зимистона тақдим карда шуд.