ТАШАББУСКОРИҲОИ АЪЗОЁНУ ҶОНИБДОРОНИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён бо дастгирии соҳибкор ва сокинони деҳаи М.Турсунзодаи ҷамоати деҳоти Заргар ва масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ корҳои таъмиру барқарорсозии роҳи ташкилоти ибтидоии “Заргар”-ро, тариқи ҳашари дастаҷамъона дар масофаи зиёда аз 500 метр роҳро сангфарш  намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки роҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи М. Турсунзодаи ҷамоати деҳоти Заргар якчанд роҳи деҳаҳои дигарро ба ҳам пайваста заҳмату дастгирии бевоситаи соҳибкор ва сокинони деҳа дар ободу зебо гардонидани маҳалли зисташон  назарас аст.

Ин аст, ки мо ба масъалаи бунёди роҳҳои нав ва таъмиру таҷдиди роҳҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хоса ва доимӣ зоҳир менамоем. Ин амали созандагиву бунёдкории сокинони деҳаи мазкур боиси хушҳолии хурду калон гардида намунаи ибрати дигарон хоҳад шуд.

Боиси қайд аст, ки чунин ободкориҳову созандагиҳо боис гардид, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳазорҳо километр роҳҳои мошингард азнавсозӣ ва таъмиру тармим ва даҳҳо километр нақбҳои мошингузар ва садҳо пул бунёд гардида, имрӯз мушкилоти рафтуомади сокинону меҳмонони кишвар ва ҳамлу нақли молу маҳсулотро аз як минтақа ба минтақаи дигари мамлакат бамаротиб осон гардонад.