Баргузории Амалиёти муштараки "Соати сиёсӣ"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон, тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ , ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба омӯзгору бузургон, рӯзҳои шанбеи охири ҳар моҳ дар Муассисаҳои таълимии ноҳия  Амалиёти муштараки ҲХДТ  ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони "СОАТИ СИЁСӢ" баргузор карда мешавад.

Чунин иқдом дар МТМУ 7 ва 8 ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки Мудири шуъбаи таблиғоти ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Олимов Иброҳим баргузор карда шуд.
Мавсуф дар баромадаш оид ба мӯҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 23 декабри соли ҷорӣ ироа гардида буд, бо ҷавонон суҳбат намуда, вобаста ба самтҳои сиёсати ҷавонон, ки дар Паём қайд гардидаанд ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ доданд.