СОАТИ СИЁСИ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №1

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 31 – декабри соли ҷорӣ дар Муассиси таҳсилоти миёнаи умумии №1 дар доираи нақша чарабиниҳои тасдиқшуда  бо иштироки намояндагонӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хониши сиёсӣ дар мавзӯъи шарҳу тавеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 

Ҳамзамон, дар мулоқоти мазкур иштирок доштанд, омӯзгорон, роҳбарони шӯрои кор бо занон ва ҷавонон ва шӯрои собиқадорони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор.Нотиқон оид ба мавзӯи болозикр иброз доштанд, ки дар Паём гуфта шуд, ки бо мақсади соҳибкасб намудани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ лоиҳаи барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаро аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ таҳия ва амалӣ намояд.Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, ҳамчунин, вазифадор карда мешаванд, ки дар асоси таҳлили ҳамаҷониба ҷиҳати самаранок гардонидани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва касбомӯзии калонсолон оид ба гузаронидани ислоҳот дар низоми идоракунии ин муассисаҳо хулосаҳои худро дар муҳлати ду моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.Дар ин ҷода таъсис додани ҷойҳои корӣ ва фарогирии пурраи аҳолӣ бо шуғл вазифаи аввалиндараҷаи тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ҳар як роҳбари сохтору мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон ба шумор меравад.