КУМАК БА КӮДАКОНИ НИЁЗМАНД ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки халқи тоҷик дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бо дилу нияти поки хеш ба шахсияҳои ниёзманд ва барҷомондаи ҷомеа дасти кумаки хешро дароз мекунанд.

Ин навбат имрӯз чунин амали нек ва хайрхоҳона бо иқдоми раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомонӣ” Иблоев Сайалам ва бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Зайдуллоев Муҳаммадҷон ба 4 нафар кӯдакони эҳтиёҷманд ва маъюби деҳаи зикргардида туҳфаҳои солинавӣ расонида шуд.

Аз иқдоми пешгирифта кӯдакон ва оилаи онҳо бисёр хушҳол гардида, бо умеди фардои дурахшон, миннатдории хешро ба ташкилкунандагони иқдоми мазкур ва Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён менамуданд.

Метавон зикр кард, ки ташкилоти ибтидоии “Сомонӣ” дар анҷом додани чунин кумакҳо ва иқдомҳои неки инсондӯстона фаъол буда, ба сокинони эҳтиёҷманд кумакҳои хешро мерасонад.