ТАҶЛИЛИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ ДАР ҚИСМИ НИЗОМӢ

Шаҳритуc: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

24 декабри соли 2022 дар қисми ҳарбии 02214 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон воқеъ дар ноҳияи Шаҳритус, чорабинии идона  бахшида ба фарорасии Соли нави мелодӣ- 2023 дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки баъд аз анҷоми чорабиниҳои варзишӣ, фарҳангӣ ва шинос шудан бо шарту шароити хизмати ҳарбӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус ва дастгирии ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов” ба афсарону аскарони қисми ҳарбии 02214 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон воқеъ дар ноҳияи Шаҳритус  дарсторхони идона ороста, масъулин зимни суҳбат афсарону сарбозонро  бо фарорасии Соли нав табрику танҳният  гуфта, ба онҳо хизмати содиқонаи Ватан-Модарро таманно намуданд.