АМАЛИ ХАЙРУ САВОБ ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кӯмак ба оилаҳои эҳтиёҷманд, маъюбон ва бепарасторон имрӯзҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа, маъюбону бепарасторон дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бахшида ба арафаи соли нави мелодии 2023 ва бо мақсади шоду болидарӯҳ намудани кӯдакони имконияташон маҳдуди ташкилоти ҷамъиятии “Ғамхорӣ” ба онҳо мулоқоту вохӯрӣ доир намуданд.

Дар таърихи 16-уми декабри соли равон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона ва муовини раиси ноҳияи Кӯшониён Шукруллозода Дилафруз кӯдакони имконияташон маҳдуди ташкилоти ҷамъиятии “Ғамхорӣ”-и ҷамоати шаҳраки Бохтариёнро аёдат намуда, бо шириниву туҳфаҳои солинавии худ дили ин фариштаҳои беолоишро шод намуданд.

Боиси ифтихор аст, ки ҷиҳати таҷлили соли нави мелодӣ  бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён барои дастгирии иҷтимоии қишрҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ кӯмакҳои хайрхоҳона бо ҷалби вакилони ҳизбӣ, шахсони хайрхоҳу саховатпеша ва соҳибкорон амалӣ карда мешаванд.