ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ДАР НОҲИЯИ ФАРХОР ИДОМА ДОРАНД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бозори дунё”-и ноҳияи Фархор дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” ба масофаи зиёда  аз 1 км роҳҳои назди Бозори марказӣ бо саҳмгузории соҳибкорон ва шахсони саховатманди ноҳия ва бо ёрии сокинон сангфарш карда шуда.

Боиси зикр аст, ки роҳсозӣ ҳамчун рисолати нексиришт дар ҳаёти ҷомеа аҳамияти хосса дошта, дар бартарафсозии маҷмӯи мушкилоти рӯзгор ва фароҳам овардани шароитҳои пешрафти зиндагӣ мусоидат менамояд.

Сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон дар радифи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҷлили сазовори 30 (35)-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикиcтон, зимнан татбиқи босамари ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти рушди инфрасохтори деҳот ташкили корҳои ободонию созандагӣ 28 ташаббусҳои ҳизбиро зери уновни «Якҷоя месозем!» ба таври муташаккилона ба роҳ мондаанд ва роҳсозӣ яке аз ин ташаббусҳо мебошад.