ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН ВАЛИЗОДА ИКРОМИДДИН СИРОҶИДДИН БАХШИДА БА 28-СОЛАГИИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳамсафони азиз!

Имсол аз таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 28 сол сипари мегардад. 28–соли талошу муборизаҳо дар таҳкими давлатдории навини миллӣ далели он аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар хизмати мардум мебошад. Зеро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон маншаъ гирифта, ҳамчун ниҳоди боэътимоди мардумӣ ба арсаи сиёсати кишварамон ворид шуд ва дар ин муддат барои хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ ва таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳми сазовор гузошт.

Воқеан, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят сангину барои ҷумҳурии тозаистиқлоли мо вазнин тавлид ёфта, қадам ба қадам аҳли ҷомеаро баҳри тақвияти сулҳу ваҳдати миллӣ ва пойдории Истиқлолияти давлатии кишварамон раҳнамо сохтааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббусу ибтикори бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфта, дар саросари кишвар ба фаъолият шуруъ намудааст.

Ин ҳизб дар фазои озоди сиёсии кишвари азизамон бо маҳбубият ҷойгоҳи устувор ва мақому манзалати худро пайдо кардааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар воқеъ ҳизби мардумӣ, ҳизби пешрафтаи ваҳдатофар ва тарғибкунандаи ифтихор аз таърихи куҳану бою ғанӣ мебошад.

Саъю талош ва ташаббусҳои беназири Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардида, аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ баҳои баланд гирифтаанд.

Боиси шодмонӣ ва ифтихори беандоза аст, ки таҷлили ҷашни 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст. Роҳи тайнамудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон воқеан чандон тӯлонӣ набошад ҳам, басо ифтихорманду бошараф аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон бобати ин ҳизби бонуфуз фармудаанд: “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлолияти кишвар буда, аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад”.

Яке аз омилҳои пешравӣ ва муваффақияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар он аст, ки Барномаи ҳизб бо барномаҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам буда, имрӯз таҳти шиори “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум ” амал намуда, дар рушди самтҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳаёти ҷомеа нақши созгор дорад.

Бояд қайд намуд, ки имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 500 ҳазор аъзо дорад ва дар ноҳияи мо бошад, 15366 нафар аъзоро муттаҳид карда, дар татбиқи ғояҳои ҳизбӣ саҳми шоистаро касб намудааст.

Тайи 28 сол аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи сиёсии ҷомеа собитқадамона фаъолият дошта, бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаю ватанпарварона муаррифӣ мегардад.

Имрӯз метавон гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 31 соли Истиқлолияти давлатӣ аз иҷрои рисолати асосиаш ба даст овардани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ сарбаландона баромад ва ҳоло давлати мо бо маром рушд карда истодааст.

Дар асоси ҳамаи дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазифаҳое, ки имрӯз дар назди ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ меистанд, амал намуда, дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва тақвияти эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ саъю талош менамоем.

Ин фазои идона расидан ба 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба ҳамаи аъзои ҳизб муборак гуфта, татбиқи ҳадафҳои ҳизбӣ, пойдории сулҳу субот, фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум ва сарбаландии ҳар яки Шуморо таманно дорам.

Саломату сарбаланд бошед!