ОРОСТАНИ ДАСТАРХОНИ ИДОНА БО ТАШАББУСИ ҲХДТ ДАР ҚИСМИ ҲАРБИИ 87740

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
«Таъмини Ваҳдати миллӣ, амният, сулҳу суботи ҷомеаи Ватани маҳбубамон масъулияти дучандро талаб менамояд».
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ афсарони мо баробари дар сангарҳо ҷангидан боз ба танзими сохтори ташкилию штатии хеш машғул шуданд. Заминаи моддию техникӣ метавон гуфт умуман вуҷуд надошт. Норасоии кадрҳои таълимдидаю обутобёфтаи ҳарбӣ ва мутахассисони касбӣ дар ҳама ҷанбаҳо ҳис мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои душвори муқовимати дохилӣ роҳи пурпечутоберо тай намуда, таҷриба андӯхт, дарси ҷангию муҳорибавиро омӯхт ва ба яке аз Артишҳои касбии минтақа табдил ёфт. Албатта, бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт.
Имрӯз, ки ҳифзи Ватан, сулҳу субот, осоиштагии мардуми сарзаминамон ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона кунем, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳис намояд ва хотирҷамъ бошанд, ки Артиши қобили муҳофизати марзу буми кишвар ва истиқлолият доранд ва онҳо метавонанд хотирҷамъ таҳти муҳофизати ин Артиш меҳнату ҳаёти осоишта намоянд.
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади дастгири аз супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби аъзоён ва Сулаймонов Ҷамол раиси Ташкилоти Ибтидоии “Зарнисор”-и деҳаи Зарнисор Ҷамоати деҳоти 50-солагии ноҳия Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба таъсисёбии 28-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 87740 дастархони идона ороста шуд.
Муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор нигоҳ доштани Ватан – ин бузургтарин неъмати беҳамтои миллӣ ва вазифаи давлату рисолати ҷонии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси Тоҷикистон аст.