ТАВАҶҶУҲИ ПАЙВАСТАИ ҲИЗБ НИСБАТ БА АЪЗОЁН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба сазовор таҷлил намудани "Ҳафтаи ҳизб" ва 28-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон инчунин дар арафаи иду ҷашнҳои дар пеш истода ва бо мақсади иҷрои барқияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 01.12.2022, №34 дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”-и ноҳияи Кӯшониён конференсияи назариявӣ-амалӣ баргузор  карда шуд.

Зимни конференсия, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Асроров С ва директори муассиса доир ба мавзуи рӯзномаи конференсия маърузаҳо баён намуда, ҳозиринро бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ муборакбод гуфта аз дастовардҳои назарраси ҲХДТ дар тули фаъолияташ маълумот доданд.

Дар фарҷом аз ҷониби масъули Кумитаи иҷроия ба аъзои фаъоли ташкилоти ибтидои мазкур, директори муассисаи таълимии №1 Раҳимова М барои хизматҳои содиқонаву дастгириҳои шоистааш “Сипоснома”-и Кумитаи иҷроия тақдим карда шуд.