АЁДАТИ МУҲОФИЗОНУ ФИДОИЁНИ ВАТАН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббусу ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириву кӯмак намудан ба оилаҳое, ки фарзандонашон дар муноқишаи сарҳадӣ дар Қирғизистон баҳри ҳимояи хоки Ватан ҷон бохтаанд, дар арафаи иду ҷашнҳо ва бо мақсади иҷрои барқияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 01.12.2022, №34 ва истиқболи сазовори 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваста ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.

Бо ин мақсад узви Кумитаи иҷроияи вилоят ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона, муовини раиси ноҳия Шукруллозода Дилафрӯз  ва Давлатзода Раҷаб-вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия  оилаҳои сарбозони шаҳидгаштаи ҷамоати деҳоти Заргар Ҳусейнов Шодмон Қарахонович ва Маҳмадов Маҳмадҷон Толибовичро  аёдат карда, ба онҳо  маводҳои ғизоӣ кумак расониданд.

Зимни аёдат ҳизбиён қайд намуданд, ки қаҳрамонон ҳаргиз намемиранд. Онҳое, ки баҳри ҳимояи Ватан ҷон бохтаанд, қаҳрамонони зиндаёди тоҷикистонӣ мебошанд. Амалҳои ҷавонмардонаи онҳо боиси ибрати дигар ҷавонони далеру шуҷои ватандӯст гардида, баҳри насли ҷавон ва ояндагон ҳамчун дарси шуҷоату мардонагӣ боқӣ хоҳад монд.