ТАЪМИНИ НАФАҚҚАИ ҲИЗБӢ БА НИЁЗМАНДОН.

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар арафаи 28 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади амали намудан аз сиёсати ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати маъюбон, ниёзмандон ва қишри осебпазири аҳолӣ, ба ду нафар маъюбони гурӯҳи якум аз ҳудуди ноҳия, Исоева Гулчеҳра, Ғоибова Шаҳло ва як нафар маъюби гурӯҳи якум аз ноҳияи Ховалинг, Шаҳлои Шодӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара нафақаи ҳизбӣ супорида шуд.
Бояд қайд намуд, ки нафаққаи ҳизбӣ барои моҳҳои октябр, ноябр, декабри соли 2022 аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ба ҳар кадоми онҳо ба маблағи 1500 сомонӣ, дар маҷмуъ 4500 сомонӣ нафақаи ҳизбӣ дастрас гардидааст.