ҲИЗБИ ХАЛҚ АСТ ҲИЗБИ МО

Қубодиён: Андеша  
Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тамоми самтҳои инкишоф: иқтисодӣ иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мақсадҳои усгуворонаи худро гузошта, эътибору нуфузи он дар арсаи байналҳалкӣ беш аз пеш меафзояд. Дар ҳамаи ин пешравиҳо нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хеле бузург аст. Воқеан Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз оғози таъсис ёфтанаш ва Раиси он интихоб гардидани Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми неруҳои солими ҷомеаро гирди ҳам оварда, имруз ба бонуфузтарин Ҳизб ва тавонотарин неруи сиёсии кишвари тоза истиқлол табдил ёфтааст.
Ҳизбе, ки ҳаст кору маромаш ба коми халқ.
Ҳизбе, ки номдор шуд,инак, ба номи халқ.
Ҳизбе, ки ҳаст дар амалаш эҳтироми халқ.
Ҳизбе, ки дар давоми ӯ дидам давоми халқ.
Воқеан ҳам комёбиҳои беназири мамлакат тулли 30-соли истиқлолият, фазоӣ орому суботи сиёсӣ, зиндагии осудаҳолонаи ҳар як фарди Тоҷикистон ин худ натиҷаи амалӣ шудани нақшаву фикру андешаҳои созандаву бунёдкорона ва хирадмандонаи Сарвари давлату миллати мо, натиҷаи амалӣ гаштани мактаби беназири давлатдорию сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ягона ҳизбе, ки ормонҳои кулли мардумро ифода менамояд, ин Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст. Бо боварии комил метавон гуфт, ки роҳи пешгирифтаи ҳизби мо Тоҷикистони азизро ба суйи ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд. Пушида нест, ки меҳвари фаъолияти ҳар як ташкилот ё ҳаракати сиёсӣ ин фаъолияти ғоявии он мебошад. Ҳар як ҳизб мақсаду ормони худро дорад, ки бо шаклу усул ва воситаву роҳҳои гуногун кушиш мекунад, онро амалӣ созад. Мақсади аслии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин бунёди ҷомеаи адолатпарвар дар асоси усулҳои давлати ҳуқуқбунёд ва демократист.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таввасути роҳандозии фоъолияти доманадору пурсамари худ исбот намуданд, ки он дар низоми сиёсии ҷомаеи Тоҷикистон ба яке аз омилҳои муҳими таъсиррасонии сиёсӣ ва нерӯи пешбари ҷомеаи навинии тоҷикон табдил ёфтааст. Ба кулли мардуми шарафманди тоҷик аз ҷумла ҷавонони ғаюру шуҷоъ муроҷиат намуда,онҳоро даъват менамоем,ки бо такя ба таърихи бою гуногунранги худ аз тамоми бурду бохти он огоҳ гардида, паҳлӯҳои муфиди онро истифода карда,чун аҷдодони накуноми худ дар ташакули тамаддуни ҷаҳонӣ саҳмгузор башанд. Боварии комил дарам, ки дар ҳамкориву ҳамдастӣ мо метавонем максаду мороми ҳизбамонро амалӣ гардонем, ва ба пурӯзиҳои нав бирасем.
Ҳамаи ҳизбиён ва рафиқони худро ба муносибати 28-умин солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрик намуда, дар майдони фаъолияти сиёси барояшон пирӯзиҳои нав ба навро хоҳонам.
Муовини раис, мудири шуъбаи ташкили
ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ
дар ноҳияи Қубодиён Ҷумаев А