ХОНИШИ СИЁСӢ БО СОКИНОНИ МАҲАЛ: ОБОДИИ ОИЛА-БАҚОИ ДАВЛАТ АСТ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иштироки муовини Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Фирӯз Саймуминзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Кӯлоб Нозимзода Фариштамо, мутахассиси пешбари бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои МИҲД-и шаҳри Кӯлоб Салимов Саймҳуммад, намояндаи бахши САҲШ-и шаҳр, директори муассиса Боева Санамбӣ хониши сиёсӣ бо сокинони маҳаллаҳои Зарринкӯҳ, Хатти роҳ, Истиқлол ва Чаманзор гузаронида шуд.
Баромадкунандагон оид ба пешгирии бегонапарастию, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, роҳ надодан ба хушунат ва зӯроварӣ дар оила, худкӯшию худсӯзии занону духтарон ва дигар амалҳои номатлуб дар ҷомеа сухан намуданд. Масъулон ба иштирокчиён моҳияти масъалаҳои мазкурро бо овардани мисолҳо ва маълумотҳои мушаххас фаҳмониданд. Ҳамчунин, дар вохӯрӣ оид ба ҳуввияти миллӣ, ватанпарастию худогоҳӣ ва зиракии сиёсӣ таъкидҳои судманд карда шуд.