БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ДАР «СОАТИ СИЁСӢ»

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша – чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод ва дар доираи тадбиқи Амалёти муштарак оид ба ҳамкорӣ бо сохторҳои маориф ҷиҳати баргузории «Соатҳои сиёсӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасону ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и деҳаи Боғгаии Ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Муъминобод бо иштироки Вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Муъминобод ва бо ҷалби донишмандону омӯзгорон ва бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод, намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия, омӯзгорони соҳибтаҷрибаву хонандагони синфҳои болоӣ «Соати сиёсӣ» баргузор карда шуд.

Дар «Соати сиёсӣ» вобаста ба мавзӯъҳои «Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон», "Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон" ва «Иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии кишвар»  суҳбат доир карда шуд.