Баргузории "Рӯзи ёдоварӣ"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Амалиёти ҳизбии "Рӯзи ёдоварӣ"  яке аз ташаббусҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон мебошад, ки якшанбеи охири ҳар моҳ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба воситаи Кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳо амалӣ карда мешавад. Ҳадаф аз баргузор намудани ин ташаббус тозаю озода нигоҳ доштани оромгоҳҳо ва шинонидани дарахтон обод кардани оромгоҳҳо мебошад.

Санаи 27.11.2922, чунин иқдом имрӯз дар оромгоҳи деҳаҳои Дӯстӣ ва Сомониёни Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод баргузор карда шуд.
Дар амалиёти "Рӯзи ёдоварӣ" Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Қурбонов Абдулҳафиз, имомхатибони деҳа, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои МИҲД ноҳияи Дӯстӣ, Исмоилов Исматулло, аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ ва сокинони деҳаҳои мазкур иштирок намуданд.
Дар ин чорабинӣ иштирокчиён дохил ва атрофи оромгоҳро аз алафҳои хушкидаю бегона тоза карда дар ҳаққи гузаштагони ин макон дуои хайр низ хонданд.