Соати сиёсӣ-суҳбати муфид ва саривақти барои ҷавонон

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Соати сиёсӣ- соати муфиду саривақтӣ буда,  баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон, мукаммал намудани ҷаҳонбинии онҳо, мақсаднок истифода бурдани сомонаҳои интернетӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, аз худ намудани донишҳои замонавӣ ва дӯст доштани Модар – Ватан мусоидат менамояд.

Бо ин мақсад дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38”-и ҷамоати деҳоти  Тахти Сангини  ноҳияи Қубодиён бо иштироки хонандагони синфҳои болоии муассисаи мазкур “Соати сиёсӣ” баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Мардонов Фирдавс, директори муассисаи мазкур Ғайратзода Суҳроб ва коршиносону собиқадорон,  омӯзгорони ботаҷриба иштирок  намуданд.

лозим ба ёдоварист, ки зимни мулоқот  маърӯзачиён вобаста ба нақши Иҷлоисия дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи тоҷик, иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ-иқтисодии кишвар ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон андешаронӣ карда, иштирокдоронро таъкид карданд, ки ҷавонон ояндаи  давлату миллат ва сарзамини аҷдодӣ буда, онҳо бо донишу маҳорати адӯхтаи хеш барои пешрафту шукуфоии Ватан саҳми арзанда гузоранд ва ба ояндагон ин сарзамини аҷдодиро ба мерос гузоранд.