Соати сиёсӣ-сӯҳбати муфид ва саривақти барои ҷавонон

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Соати сиёсӣ- соати муфиду саривақти баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон, мукаммал намудани ҷаҳонбинии онҳо, мақсаднок истифода бурдани сомонаҳои интернетӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, аз худ намудани донишҳои замонавӣ ва дӯст доштани Модар – Ватан мусоидат менамояд.

Бо ин мақсад дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45”-и ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ бо иштироки хонандагони синфҳои болоии муассисаи мазкур “Соати сиёсӣ” баргузор гардид, ки дар он мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Иботов Диловар, директори муассисаи мазкур ва дигар омӯзгорони ботаҷриба иштирок намуда, оиди масъалаҳои доғи рӯз суханронӣ намуданд.