АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ПЕШВОИ МАН – ИФТИХОРИ МАН!”

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” – и Кумитаи иҷроияи ноҳия дар рафти ҳамоиши ҳизбӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Пешои ман – ифтихори ман” баргузор гардид. Дар аксияи мазкур ба иштирокчиёни чорабинӣ аксҳои Президенти кишвар бо шиорҳои “Садоқат ба Президент ва садоқат ба Ватан” тақдим карда шуд.

Тамоми дастовардҳои имрӯзи ҷомеаи Тоҷикистон аз интихоби дақиқкорона ва дастури вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба арсаи сиёсат омадани фарзонафарзанди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад, ки хушбахтона сокинони мамлакатамон имсол аз 30-солагии ин иҷлосияи тақдирсоз ҷашн мегиранд.

Маҳз, ин иҷлосияи тақдирсоз боис гашт, ки кишвари мо бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вартаи парокандагӣ наҷот ёфта, ба як кишвари ободу пешрафта мубадал гардад.