МАСЛИҲАТҲОИ СУДМАНД БАРОИ МУҲОСИБОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 15-уми ноябри соли равон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб оид ба муқоисакунии пардохти ҳаққи узвияти аъзои ҳизб бо сармуҳосибони ду муассисаи таълимии ноҳия, ки дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” муттаҳиданд, суҳбат намуда, аз рафти корбарии онҳо дар ин самт бохабар шуда, ба эшон барои дар оянда боз ҳам бо сифати баланд иҷро намудани вазифаҳои хизматиашон маслиҳатҳои муфид доданд.