Аксияи ҳизбӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ Олимов Иброҳим-мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ва Султонов Алишер - мудири шӯъбаи кор бо занон ва ҷавонон, дар якҷоягӣ бо волонтиёронӣ КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар маркази ноҳия Аксияи  ҳизбӣ гузаронида шуда ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ (буклетҳо) бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи 16 ноябр ҷашн гирифта мешавад тақсим карда шуд.

Дар варақаҳои иттилоотӣ (буклетҳо) Нақши Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Иҷлосияи тақдирсоз ва Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти барҷаста маълумот дода шудааст.
Ҳамзамон зимни сӯҳбат бо шаҳрвандон оид ба нақши калидӣ доштани Пешвои миллат дар сохтори имрӯзаи давлатдории тоҷикон ёдоварӣ карда шуд.