НАФАҚАИ ҲИЗБӢ БА СОҲИБАШ ДАСТРАС ГАРДИД

Ш.Шоҳин: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дастгирии табақаи ниёзманди аҳолӣ ҳамчун амали хайру савоб дар маркази диққати ҳизбиён қарор дошта, дар ин масир сол то сол вобаста ба баланд гардидани иқтидори молиявии Кумитаи иҷроияи шаҳру ноҳияҳои кишвар таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад. Бахусус, дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар ҳар як вохӯрию чорабиниҳои сатҳи давлатию ҳизбӣ аз ҷониби асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври доимӣ таъкид гардида, дастгирии шахсони ниёзмандро дар авлавияти масъалаҳои ҳизбию давлатӣ қарор медиҳанд. Ҳамин аст, ки дар соли равон дар доираи дастури Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат нафақаи ҳизбӣ муқаррар ва тибқи тартиб ба эҳтиёҷмандон сари ҳар моҳ расонида мешавад.

Бо назардошти ин дар доираи нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ҷиҳати дастгирӣ намудан аз оилаҳои эҳтиёҷманду муҳтоҷи ёрӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Ятимон, маъюбон, барҷомондагон ва ниёзмандон  зери таваҷҷӯҳи ҳамешагии ҲХДТ қарор доранд!” рӯзи 9 ноябри соли равон аз тарафи масъулини ҳизбӣ ба Идиев Амирхон- падари Ибодати Амирхон нафақаи ҳизбӣ супорида шуд.