Таъмири пулҳо дар маҳал

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини зиндагии шоистаи мардум корҳои таҷдиду азнавсозии роҳҳову пулҳо дар маҳал анҷом дода мешаванд.

Чунин иқдом дар хоҷагии тухмипарварии ба номи Эргаш Султонови ҷамоати деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ  ҷараён дорад. Маҳз бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии хоҷагии тухмипарварии ба номи "Эргаш Султонов"  Холов Бегмурод ва саҳмгузории сокинони деҳаи Гулафшон имрӯзҳо пулҳои корношоямгаштаи ҳудуди деҳа ва хоҷагии деҳқонии ба номи Эргаш Султонов аз нав таъмир шуда истодаанд, ки яке аз онҳо воқеъ дар деҳаи Гулафшони хоҷагӣ мебошад.