Ободии кишвар аз ободии маҳаламон оғоз мешавад.

Ҳамадонӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони деҳаи Ориёнои Ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ роҳи байни деҳа то Ҷамоати шаҳраки Москва бо дастгирии шахсони олиҳиммату саховатпеша мумфарш намуданд. Ҳоло бошад, ба чароғонкунии ин роҳ камари ҳиммат бастанд. Аъзои фаъоли ҲХДТ Сироҷов Зоир дар ин кори хайру савоб саҳми арзанда дорад.