ИШТИРОКИ РАИСИ НОҲИЯ ДАР "СОАТИ СИЁСӢ"

Муъминобод: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша – чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод ва дар доираи тадбиқи Амалёти муштарак оид ба ҳамкорӣ бо сохторҳои маориф ҷиҳати баргузории «Соатҳои сиёсӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасону ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и Ҷамоати шаҳраки Муъминобод бо иштироки раиси ноҳияи Муъминобод, муҳтарам Шарифзода Лутфия Шариф, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Мирзобаротзода Салоҳиддин ва бо ҷалби донишмандону омӯзгорони ботаҷриба миёни хонандагони синфҳои болоӣ «Соати сиёсӣ» баргузор карда шуд.

Дар "Соати сиёсӣ" масъалаҳои "Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон", "Тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии ҷавонон ва аҳамиятнокии Роҳнамо барои ҷалби сарбозони ихтиёрӣ" ва «Нақши 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон» мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси ноҳияи Муъминобод, муҳтарам Шарифзода Лутфия Шариф зимни суханронии хеш иброз намуданд, ки вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми сокинони ҷумҳурӣ, хусусан ҷавонони кишварро водор месозад, ки баҳри ҳимояи арзишҳо, манфиятҳои миллӣ ва эҳтироми фарҳанги аҷдодӣ талош намоянд. Кӯшиш намоянд, ки бо омӯзиши илмҳои замони муосир ва ва хизмат ба ватану миллати дар пешрафту ободии ин сарзамин саҳми арзандаи хешро гузоранд. Зеро ин Ватан аз мост ва танҳо худи мо онро аз душманон ҳифз менамоем ва обод мекунем.