Баргузории Амалиёти умумивилоятии "Рӯзи ёдоварӣ"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дӯстӣ:  Бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани оромгоҳҳо ва обод намудани гирду атрофи онҳо, шанбеи охири ҳар моҳ Амалиёти умумивилоятии "Рӯзи ёдоварӣ гузаронида мешавад.

Чунин иқдом дар деҳаи Тоҷикободи Ҷамоати деҳоти Г.Гулмуродов баргузор карда шуд.  Дар ин чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ,  Зоиров Саймухтор, раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи "Тоҷикобод" имомхатиби деҳа ва аъзоёну ҷонибдорони ҳизб иштирок доштанд.
Ин навбат сокинон ташаббус нишон дода атрофи оромгоҳро девор намуданд.