Амалиёти муштараки "Соати сиёсӣ" дар ноҳияи Дӯстӣ.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 29.10.2022, Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони "Соати сиёсӣ"  дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳияи Дӯстӣ баргузор гардида истодааст.  Дар чорабинии мазкур, раиси ноҳияи Дӯстӣ, вакилони ҳизбӣ ва собиқадорони меҳнат дар муассисаҳои таълимии ба онҳо вобасташуда иштирок намуда дар мавзӯъҳои Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон, Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон, инчунин тарбияи ҳарбӣ-ватандустии ҷавонон суханронӣ намуданд.

Раиси ноҳияи Дӯстӣ, Нишонзода Даврон Назаралӣ дар якҷоягӣ бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Қурбонов Абдулҳафиз дар МТМУ-16 иштирок намуда оид ба Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон ба шогирдони синфҳои болоӣ ва омӯзгорони ҷавон дарс гуфтанд.

  Ҳамин тавр дар дигар муассисаҳои таълимии ноҳия низ бо иштироки муовинони раиси ноҳия, вакилони ҳизбӣ ва фаъолон "Соати сиёсӣ" доир карда шуд.