БАРГУЗОРИИ СОАТИ СИЁСӢ ДАР МТМУ №29

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Рӯзи 29 октябри соли ҷорӣ бо  иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ва Шуъбаи маорифи ноҳия дар Муассиси таҳсилоти миёнаи умумии №29 амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон соати сиёсӣ дар мавзуи “Иҷлосияи XVI- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Маърузачиён дар назди хонандагон маърузаҳои омоданамудаи худро оид ба мавзӯи Иҷлосияи XVI- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон болозикр қироат намуда иброз доштанд, ки беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард. Дар пеш вазифаҳои гуногунро гузошта буданд, ки яке аз онҳо такмил додани қонунгузории миллӣ ба ҳисоб мерафт. Иҷлосияи 16-ум дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон ворид шуд.

Ин фаъолияти самарабахш пас аз интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардид. Дар суханронии аввалини худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буд: “Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам”.