Соати сиёсӣ – мусоидат дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи хештаншиносӣ

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад.

Бо ин мақсад дар МТМУ №13-и ҷамоати деҳоти М.Вайсови ноҳия бо иштироки вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳия омузгорони соҳибтаҷриба ва собиқадорон миёни наврасон ва ҷавонон Соати сиёсӣ дар мавзӯъҳои зерин: “Нақши Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатдории навини тоҷикон”, “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон”, “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва аҳамиятнокии Роҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ” гузаронида шуд.