“Соати сиёсӣ”-дарси ибратбахш барои ояндаи дурахшони хонандагон

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомотҳои болоии ҳизбӣ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар асоси амалиёти муштарак оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ бо ҷалби вакилони ҳизбӣ хонандагони синфҳои болоии ташкилоти ибтидоии “Анористон - МТМУ №69”-и ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ, соати сиёсӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкури сиёсии ҳизбӣ Сафархони Муҳаббат-вакили МВХ ноҳия, Шодибеки Идӣ- намояндаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, директори муассиса Талбаков  ва омӯзгорони ботаҷриба оиди вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон, нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон ва тарбияи ҳарбӣ-вандӯстии ҷавонон ва аҳамиятнокии Роҳнамо барои ҷалби сарбози ихтиёрӣ суханронӣ намуданд.