Соати сиёсӣ - усули муҳимтарини таъсиррасонӣ ба равони ҷавонон

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иштироки шахсони мутасаддӣ ва омӯзгорони фаъол дар МТМУ №6-и деҳаи Кадучии ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсови ноҳияи Восеъ, соати сиёсӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Ташаббуси навбатии КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон хеле муҳим буданаш дар он аст, ки  масъулияти тарбияи насли ҷавони бунёдгари ҷомеаи навинро ба душ гирифтааст, ки ҳадафу мақсади он таъмини роҳи пешгирифтаи сиёсати давлату ҳукуматро идома додан аст. Зеро маҳз насли ҷавони соҳибистеъдод бо донишу малака ва қобилияти созандагии худ метавонад рушди босуръати ҷомеаро таъмин намод.

Бояд қайд намоем, ки дар соати сиёсии баргузоргардида, масъалаҳои муҳим ва мубрами рӯз баррасӣ гардиданд, ки хонандагон ба худ ғизоӣ маънавӣ бардошт намуданд.