Аксияи ҷумҳуриявии "Албом-Эстафета" ба ноҳияи Дӯстӣ расид

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Субҳи имрӯз 28-уми ояктябр  “Албом-Эстафета” таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои миллат” аз ноҳияи Панҷ ба ноҳияи Дӯстӣ расид. Дар даромадгоҳи ноҳия маросими тантанавӣ бахшида ба оғози «Албом-Эстафета» дар ноҳияи Дӯстӣ баргузор гардид, ки дар он муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусейнзода,  роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Дӯстӣ ва Панҷ иштирок доштанд.
«Албом- Эстафета»-ро  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон ва  муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ, Ҳасанова Нигора ба раиси ноҳияи Дӯстӣ, Нишонзода Даврон Назаралӣ  ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ,  Қурбонов Абдулҳафиз  супориданд.
Баъдан, бо иштироки меҳмонон, роҳбарияти ноҳияи Дӯстӣ ва зиёда аз 1000 нафар сокинони ноҳия, аз ҷумла, волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, ҷавонон, кормандони соҳаҳои гуногун, касбомӯзони Литсейи касбии техникии ноҳия,  толибилмони муассиаҳои таълимии ноҳия ва собиқадорону намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа роҳпаймоӣ баргузор гардид.
Сокинони шарафманди ноҳияи Дӯстӣ бо шиору овезаҳои иникосгари соҳибистиқлолӣ сулҳу ваҳдати миллӣ ва нақши Пешвои муаззами миллат дар бунёдгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол  “Албом Эстафета”-ро ба майдони назди парчами ноҳияи Дӯстӣ оварданд. Дарвоқеъ, Аксияи ҷумҳуриявии «Албом-Эстафета» таҳти унвони «30-соли созандагӣ бо Пешвои миллат» мавриди таваҷҷуҳи тамоми сокинони ноҳия гардид, ки раҳораҳ ба роҳпаймоии осоишта ҳамроҳ мегардиданд.
Дар ин рӯз меҳмонон ба боғи фарҳангии ноҳия ташриф оварда, аз  танатанаҳои ин ҷашни сулҳу озодӣ таасуроти хеле хуб бардоштанд. Дар идомаи чорабинии мазкур меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумии бонувони чирадаст, намоши китоб ва дастовардҳои варзишгарони ноҳия дидан карда  ҳунари онҳоро шоистаи таҳсин хонданд.
 Сипас ба ғолибони даври финалии мусобиқаҳои футболи хурд ва волейбол, ки бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида буд, ҷом, медал ва туҳфаҳо супориданд.  Баъди тамошои осорхонаи таърихии ноҳияи Дӯстӣ , китобхона ва гӯшаи китобҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан намуданд.
Сипас, дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ,  ҳамоиши ҳизбӣ бо иштироки меҳмонон, фаъолони ноҳия ва собиқадорони касбу кори гуногун баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш оид ба нақши Иҷлосияяи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматҳои шоёни  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  суханронӣ карда шуд.